Парвиз Акрамзода: «Қувваҳои Мусаллаҳ дастоварди муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол аст»

Февраль 23, 2024 17:32

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 31-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Кохи дустӣ»-и шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳр, фаъолону собиқадорон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарон ва роҳбарони бахшу сохторҳо чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз намуд, ки ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар қатори дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол аст. Дар қатори дигар омилҳо маҳз тавассути ташкили ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ниҳодҳои қудратӣ ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.

Гуфта шуд, ки сивуяксолагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад. Натиҷагирӣ ва бардошти сабақҳо аз ин роҳи тайшудаи Артиши миллӣ, омӯзиши бурду бохт ва дастовардҳои  раванди бунёди артиш марҳилаи муҳими таърихӣ буда, дар таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлат ва Ваҳдати миллат аҳамияти ҳалкунанда дорад.


Дар қисмати тантанавии чорабинӣ ба як зумра роҳбарони сохторҳои мақомоти қудратӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони соҳа  Нишони сарисинагӣ, Сипоснома ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон дар ин рӯз роҳбарият ва кормандони дастгоҳи ҷамоати Навободи шаҳр бо шароити хизматӣ ва зисти сарбозони қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, барои сарбозон дастархони идона оростанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Февраль 23, 2024 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид