Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон муваффақият таманно намуданд

Февраль 2, 2024 14:48

ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабл аз бозии даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бо бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии тими миллии мамлакат мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои бозиҳои хубу намунавӣ  дар Ҷоми Осиё-2023 ба футболбозони тоҷик изҳори сипос намуданд.

«Ба даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтан ва дар қатори ҳашт дастаи беҳтарин ҷой гирифтан дастоварди бузурги дастаи мунтахаби мо мебошад. Бо бозии худ дар Ҷоми Осиё шумо дили миллионҳо мухлисро дар Тоҷикистон ва берун аз он ба даст овардед. Ҳоло ҳама ба дастаи мо мухлисӣ менамоянд. Ба шумо барои натиҷаҳои шоён ва заҳматҳои зиёд ташаккур мегӯям. Имрӯз бо тими миллии Урдун вохӯрии душвор хоҳед дошт. Бароятон комёбӣ таманно дорам!», – изҳор намуданд Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо ҳайати даста.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 2, 2024 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон