Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 21.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, ҷониби Русияро барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда” шодбош гуфтанд.
Сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия, ки моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва баргузор гардида буд ва ҳамчунин нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии моҳи декабри соли гузашта доиргардида баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми гардиши дуҷонибаи мол дар соли 2023 2,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоӣ расид ва Русия пешсафии худро дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нигоҳ доштааст.
Як зумра масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, ба мисли энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг низ баррасӣ гардида, мувофиқаҳои зарурӣ ба даст омад.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд
Барқияи шодбошии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯи об (F1H2O) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






