РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Роҳбарият ва намояндагони шаҳри Ҳисор ба дидорбинии сарбозону афсарон рафтанд
ДУШАНБЕ, 23.2.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав рафта, бо шароити будубоши сарбозону афсарон аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин мақомот иттилоъ медиҳад.
Роҳбарият ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор туҳфаю анвои гуногуни хӯроквориро ҳамчун ҳадяи ҷашнӣ ба сарбозон тақдим намуданд. Дар идома меҳмонон, аз ҷумла волидайни сарбозон бо хобгоҳ, ошхона, толорҳои истироҳатӣ, хоҷагии ёрирасон, аз ҷумла хоҷагии чорводорӣ ва боғи дарахтони мевадор ва нуқтаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ шинос шуданд.
Волидайни сарбозон аз шароите, ки дар қисми низомӣ муҳайё гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ арзи сипос намуданд.



Сипас, дар ҳавлии қисми низомӣ бахшида ба 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардида, роҳбарияти шаҳри Ҳисор хизматчиёну кормандони қисми ҳарбӣ, сарбозон ва афсаронро ба муносибати ҷашни Артиши миллӣ табрик намуданд.
Дар фазои тантанавӣ ба як зумра сарбозону афсарон барои хизмати содиқона дар сафи Артиши миллӣ Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим шуданд.
Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи ҷолиби консертиро пешкаши сарбозону афсарон намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






