Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Сафири Давлати Қатар Муборак ибни Абдурраҳмон Ал-Насрро ба ҳузур пазируфтанд

Февраль 7, 2024 09:01

ДУШАНБЕ, 07.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдураҳмон Ал-Насрро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст сафири навтаъйинро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, дар пешбурди рисолати дипломатӣ ба ӯ комёбӣ орзу намуданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Қатар ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар қолаби минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки дар натиҷаи муколамаи сиёсии сатҳи олӣ муносибатҳои судманд мунтазам рушд ёфта, заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду давлати бо ҳам дӯст таҳким меёбанд.


Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатарро ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Қатар барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаи Ҷоми Осиё — 2023 оид ба футбол, инчунин пазироии самимӣ ва ташкили шароити мусоид ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол изҳори сипос намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ҳамкории давлатҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 7, 2024 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид