РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ баргузории чорабиниҳои муштаракро баррасӣ намуданд

Февраль 9, 2024 12:00

 ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо мудири нави минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсози махсус оид ба буҳрони гурезаҳо ва муҳоҷирон Реҷина Де Доминичис мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ-ро муҳокима намуда, ҳифзи иҷтимоӣ ва ислоҳоти ҳуқуқии кӯдаконро, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мешавад, таъкид намуданд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»  махсусан таъкид гардид.

Ҷонибҳо инчунин оид ба баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни 2024, Душанбе) изҳори назар намуданд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

 

Февраль 9, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд