Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ: «Ташкили Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ ба тақвияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд»

Февраль 10, 2024 09:28

ДУШАНБЕ, 10.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» , «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки ҷиҳати тақвияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан донишҷӯён дар минтақаҳои қисмҳои низомӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор намояд. Чунин омадааст дар муқаддимаи мақолаи  Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ки ба  АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад.

— Хуб мешавад, агар дар доираи имконият дар қисмҳои ҳарбӣ бобати шиносоӣ бо рӯзгори сарбозону афсарон ва шароити хизмати онҳо  чорабиниҳо, аз ҷумла  Рӯзи дарҳои кушод ташкил гардад.  Дар ин рўзҳо шаҳрвандон,  хосса донишҷӯёну ҷавонон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта,  бо ҳаёти ҳаррӯзаи афсарону сарбозон ошноӣ пайдо намуда, бо ҳолати воқеиии хизмат дар Артиши миллӣ аз наздик шинос шаванд. Ин барои барҳам задани ҳар гуна овозаи беасос дар бораи бад будани шароити  хизмати  наваскарон мусоидат намуда, эҳсоси ташвишро аз онҳо дур месозад.Онҳо аз наздик бояд бубинанд, ки имрўз дар Тоҷикистон баҳри беҳтар гардидани шароити хизмати ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Онҳо  бо хўрок ва либоси гарм таъмин буда, баҳри обу тоб ёфтани рўҳияи маънавӣ ва ҷисмониашон барномаҳои зиёди маърифатӣ доир мегарданд ва хизмат барояшон воқеан ҳам мактаби мардонагӣ гаштааст.

Ба ин васила, эҳсоси ҳифзи Ватан-Модар, ифтихори сарбоз будан,  гузаштан аз ин  мактаби мардонагӣ  дар қалби ҳар ҷавон, хусусан донишҷӯён   бештар мегардад. Дар  амалишавии ин иқдом  метавон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси масъули иҷро қабул намуд, ки дар ҷалби доираи насли ҷавон ба ин маърака  имконияти фарох  дорад.

Имрӯз тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, ҳамасола барои ҳалли ин масъала тадбирҳои мушаххас  пешниҳод мешаванд.

2 ноябри соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардида, 24 декабри ҳамон сол аз ҷониби Президенти мамлакат ба тасвиб расид, ки аз ҷумлаи чораҳои саривақтии роҳбарияти ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Бояд гуфт, ки ба тасвиб расидани ин қонун дар чунин шароит, ки вазъияти сиёсии ҷаҳон номусоид аст, зарур мебошад. Вобаста ба мубрам будани ин масъала,  инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  таъкид шуд, ки «мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем. Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».

Дар замони муосир  ватандӯстӣ манбаи рушди шахсият, ҷомеа ва давлат мебошад. Аз ин лиҳоз зарур донистем якчанд нуктаи муҳимро, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тааллуқ доранд, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор диҳем. Ин қонун аз 5 боб ва 21 модда таркиб ёфта, дебочаи он бо ин мазмун оғоз меёбад: «Ин қонун ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд».

Боби нахустини қонун «Муқаррароти умумӣ» унвон дошта, мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашударо ташреҳ медиҳад ва  дар моддаи 2 – и ин қонун моҳияти  тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тафсир шудааст.

Боби дуввуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» унвон дошта,  дар доираи даҳ  моддаи ин боб (фарогири моддаҳои 3-12) мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳа, низоми тарбияи ватандӯстӣ, мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва амсоли инҳо мавриди  танзим ҷарор гирифтааст. Инчунин дар моддаи 4 – и қонун муқаррар шудааст, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба принсипҳои муносибати мураттаби ташкилӣ асос меёбад. Ин принсипҳо ҳамоҳангии кори ташкилоти давлатию ҷамъиятиро оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон; кори унвонию фардӣ бо шаҳрвандон, усул ва воситаҳои гуногуншакл, ки манфиат, майлу рағбат, сатҳи таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва ғайраро фаро мегирад, гуногунҷабҳа ва алоқаманд будани самтҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ, ки муносибати тому маҷмӯии амалигардонии онҳоро дар бар мегиранд, ба назар гирифтани хусусиятҳои миллӣ, этникӣ — маданӣ ва хусусияти дигар дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва арзишҳо, ки мазмун ва мундариҷаи ватандӯстиро муайян мекунанд, инчунин ошкор ва мустақилияти арзёбии натиҷаи иҷрои тадбирҳои ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нигаронидаро дар бар мегиранд. Дар ин баробар дар банди сеюми ин модда самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайяну мушаххас гардида, тибқи талаботи он фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон, таҳия ва татбиқи шаклҳои самараноки технологияҳои иҷтимоисози шахсияти шаҳрванд, бахусус ҷавонон, ҷалби фаъоли онҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, экологӣ ва масъалаҳои дигари давлат, навсозӣ ва ғанигардонии муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ, усул, шакл ва воситаҳои он, ташкили механизми илҳомбахш ва ҳамоҳангсози фаъолияти самараноки низоми тарбияи ватандӯстии гурӯҳҳои гуногуни шаҳрвандон дар ҳамаи сатҳҳо, тақвияти масъулияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тавсеаи субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, ташкил ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон маҷмӯи чорабиниҳоест, ки давлат дар сиёсати худ барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамояд.

Моддаи 5 – и қонун вобаста ба субъектҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ менамоянд, ин нуктаро мушаххас намудааст, ки коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва ғайра, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти (иттиҳодияҳои) ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта, ташкилот (иттиҳодияҳо)-и динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, оила ва шаҳрвандон субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ  субъектҳои ин соҳа мебошанд.

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ  дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар моддаҳои 6 ва 7 – и қонун мавриди танзим қарор гирифта, пешбурди сиёсати давлатӣ, муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ, тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ, ташаккул додани заминаи меъёрии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро  мегирад. Тибқи талаботи пешбинишуда, таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳияи лоиҳаи консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва пешниҳод кардани онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи салоҳияти худ таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим мекунанд, муайян намудани тартиби ташкили феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар татбиқи барномаҳои идоравии тарбияи ватандӯстӣ иштирок менамоянд ва аз дастгирии давлатӣ бархурдоранд, муайян намудани воҳиди сохторӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстиро ба зимма дорад, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин масоилро мақоми ваколатдори давлатӣ иҷро менамояд.

Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар моддаҳои 8-9-и Қонун баён гардида, дар моддаи 10 – и Қонун  муносибатҳоеро, ки соҳаи тарбияи ватандӯстиро аз нигоҳи ҳуқуқӣ танзим намуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, амалӣ менамояд.  Дар банди аввали моддаи 11, ки «Низоми тарбияи ватандӯстӣ» унвон дорад, мақсади ташкили низоми давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон баён шудааст. Дар  банди саввуми моддаи зерин  нишон дода шудааст, ки  сохтори низоми тарбияи ватандӯстӣ аз ташкилоте, ки тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд, кормандон (мутахассисон)-и омӯзгорӣ, шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони ноболиғ ва волидайн (намояндагони қонунӣ)-и онҳо, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигари амалкунандаи тарбияи ватандӯстӣ, мақомоти маслиҳатию машваратӣ ва мақомоти дигаре, ки онҳо созмон додаанд, ташкилоте, ки таъмини тарбияи ватандӯстӣ ва арзёбии сифати тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ амалӣ менамоянд, иборат мебошад. Мавқеи оила ҳамчун зинаи ибтидоӣ дар низоми тарбияи ватандӯстӣ дар банди чаҳоруми ҳамин модда инъикос ёфтааст.

Боби 3 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» таҳти унвони «Таъмини фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» масоили  тартиби бо иттилооти ба тарбияи ватандӯстӣ тааллуқдошта таъмин намудани шаҳрвандон, таъмини илмӣ ва таълимию методии тарбияи ватандӯстӣ, таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таъмини ташкилию методии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таъмини идоракунии низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми тарбияи ватандӯстӣ, таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстиро фаро мегирад. Боби 4 – и он  таҳти унвони «Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фарогири  як модда (моддаи 19) буда, тибқи банди дуввуми ин  модда  танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз таҳлил, арзёбӣ, пешгӯӣ ва тарҳсозии вазъи кори низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо назардошти тамоюлҳои рушди ҷомеа, муайян ва ¬масъалагузории вазифаҳои ҷорӣ ва ояндаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, банақшагирии илман асосноки тарбияи ватандӯстӣ, интихоб, омӯзиш ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таҳлили вазъ ва таъсирбахшии кори тарбияи ватандӯстӣ ва мунтазам иттилоъ додани мақомоти давлатӣ аз рафти амалисозии вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тасҳеҳи саривақтии низоми таъсиррасониҳои тарбиявӣ, таъмини дастгирии давлатии  субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ бо захираҳои зарурии таълимӣ, воситаҳо, ҳамчунин, усул ва технологияҳои пешқадами тарбияи ватандӯстӣ бо ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон иборат аст.

Қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар шароити зуҳури омилҳои хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ ва бегонапарастӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон буда, масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи мамлакат, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд мебардорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2024 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди ҳунармандӣ ба беҳтар шудани имконияти иҷтимоию иқтисодии оилаҳо мусоидат менамояд
ТАШАББУСИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Давлати мо пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Нӯшидани чойи кабуд барои бемории дилу рагҳо, санги гурда, саратон ва қанд манфиат дорад
Мулоқоти гурӯҳҳои топографӣ ва кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
НАЗАРИ КОРШИНОС. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба зиёд гардидани соҳибкории хурд ва баланд шудани некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯ давои бемориҳои онкологӣ, фишорбаландӣ, рӯдаю меъда ва асаб мебошад
ИЛМ ВА ЗАМОН. Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистон қарор дорад
1 МАРТ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Тоҷикистон соли 2016 узви Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон доир ба қонунгузории соҳа машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Пекин машваратҳои байниидоравӣ оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе доир шуданд
САКТАИ ДИЛ АЗ САРДӢ. Ин бемориро чӣ гуна метавон пешгирӣ намуд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз барои камхунӣ, асабоният, фаромӯшхотирӣ ва бемории дилу рагҳо давои хуб аст