«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМИ МУОСИР». Дар Душанбе конференсияи даҳуми илмӣ-ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сол ба сол теъдоди занону духтарони олим ва ихтироъкор афзуда, дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 993 номзади илм, 131 доктори илм, 84 профессор аз ҳисоби занон, 608 дотсент, 204 нафари дорои унвони илмӣ ва 1 ҳазору 034 ассистент фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ пеш мебаранд. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 академик, 3 узви вобастаи Академия, 33 доктори илм, 109 номзади илм, 294 магистрант, 104 доктори PHD аз ҳисоби занону духтарон мебошанд, ки дар таҳқиқ ва пажуҳишу илми муосир саҳми назаррас мегузоранд. Ин нукта зимни баргузории конференсияи даҳуми илмӣ-ҷумҳуриявӣ иброз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
21 феврал бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илми муосир» конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ баргузор намуд.
Конференсияи илмӣ ҳамзамон дар ҳошияи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» доир шуда, дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода, Раиси Кумита Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Хайринисо Юсуфӣ ва олимону донишмандзанони тамоми вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ оид ба сиёсати илмпарваронаи давлату ҳукумат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши меҳварии занону духтарони олим ва ихтироъкор дар пешрафти илми муосири тоҷик, инчунин дастовардҳои илмии занон дар риштаҳои мухталифи илмӣ ибрози назар гардид.
Тазаккур дода шуд, ки олимон ва ихтироъкорзанони тоҷик ҳамчун қишри варзидаи зиёиён насли наврасу ҷавони мамлакатро ба он даъват менамоянд, ки ташаббуси фарогирии илму донишро дастгирӣ намуда, пайваста дар густариш додани истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тақвият бахшидани тафаккури техникии аҳолӣ ва дар навбати аввал, фароҳам овардани фазои мусоид барои пешрафти илмҳои бунёдӣ, техникиву технологӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа саҳм гузоранд.
Конференсия дар се бахш: ҷаласаи пленарӣ, бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ва бахши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ доир шуда, дар он дастоварду муваффақият ва пажуҳишу ихтирооти илмии олимзанҳои тоҷик муаррифӣ гардид.
Бешак, баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои пажуҳишгарони ҷавон, аспирантону магистрон заминаҳои нави илмӣ муҳайё намуда, шумораи зиёди ҷавондухтаронро ба анҷом додани корҳои илмӣ ҳидоят менамояд.
Дар 6 соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 283 нафар расида, соли 2023 аз 73 зани ихтироъкор 5 нафар бо ихтирооти нодир дар сатҳи байналмилалӣ бо Шоҳҷоиза ва медали тилло, 10 нафар бо медали нуқрагӣ ва 1 нафар бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Таҳлили ҳамасолаи мақолаҳои илмӣ нишон медиҳад, ки олимон ва занони ихтироъкори тоҷик бо истифода аз техникаву технология ва воситаву абзори пешқадами таҳқиқоти илмӣ пайваста барои такмил додани сатҳу савияи дониш ва пажуҳиши илмӣ кӯшиш намуда, тамоми неруро ба афзудани обрӯву эътибори илми тоҷик, фарҳанг ва маънавиёт, таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ, мубориза бо таассубу хурофот ва ифротгароиву мафкураи иртиҷоӣ равона менамоянд.
Дар анҷоми кори конференсияи илмӣ бо назардошти саҳми назаррас ва арзандаи олимону ихтироъкорзанон дар рушди илми муосир ва муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ як зумра занону духтарон бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ин иқдом ба баланд бардоштани руҳияи олимони ҷавон мусоидат намуда, дар оянда низ баҳри ҳавасмандкунии ин қишри фаъоли ҷомеа ҳамоишҳои зиёди илмӣ доир мегарданд.
Бояд гуфт, ки сарпарастии конференсияи илмиро Хадамоти бехатарии радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба уҳда гирифта, дар он намояндагони вазорату идораҳо, занони олиму ихтироъкор, аспирантону магистрон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии мамлакат иштирок намуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






