Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хатмкунандагони равияи омӯзгории муассисаҳои олиро ба мактабҳо ҷалб менамояд
ДУШАНБЕ, 20.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҷалби хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимии пойтахт бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи умумӣ вохӯрӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Чунин вохӯрӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Иштирокдорон оид ба шароит ва имконоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба хатмкунандагон маълумот пешниҳод намуда, доир ба таъмини кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, бохабар будани мутахассисони ҷавон аз техника ва технологияи нав сухан гуфтанд.
Зимни мулоқот масъулин оид ба нозукиҳои касби омӯзгорӣ, методикаи дурусти таълим, дуруст тарбия намудани насли наврас, ҷалби мутахассисони лаёқатманди равияи фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози андеша намуданд.
Инчунин бо донишҷӯёни хатмкунанда озодона суҳбат намуда, онҳоро ба фаъолияти пурсамари минбаъда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе даъват намуданд.
Чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии пойтахт доир мегарданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






