Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Февраль 2, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарӣ таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратшо Муборакшозода муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардорони 25 раёсату шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба, масъулиятшинос ва дорои касбияти баланд таъйин гардиданд.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Ёвони вилояти Хатлон, сардорони раёсатҳои кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, разведка, тиббӣ, ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқ, раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва нақлиёти вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон аз ҳисоби кадрҳои дорои маҳорати баланди касбӣ ва болаёқату кордон таъйин гардиданд.

Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки вазифаи ҳар як корманди вазорати корҳои дохилӣ ин, пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, сулҳу суботи комил, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ, мубориза бар зидди қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ошкор ва пешгирӣ кардани ҳама гуна омилҳои халалдоркунандаи оромиву субот дар кишвар ва донистани ду забони хориҷӣ, ба ҳисоб мераванд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд пайваста бо мардум ҳамкорӣ намуда, баҳри рафъи мушкилоту қонунвайронкуниҳои самтҳои зикршуда мубориза баранд, арзу шикояти мардумро баррасӣ намоянд, барои саривақт ошкор кардани ҷиноят ва пешгирии он тамоми шароиту имконияти мавҷуда ва донишу маҳорати касбии худро истифода бурда, волоияти қонунро таъмин намоянд.

«Содиқона ва поквиҷдонона ба халқу Ватани худ хизмат намоед!» — таъкид намуданд, Президенти мамлакат дар интиҳои суҳбат.

Февраль 2, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд