ШУҶОАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023 баргузор гардид

Февраль 6, 2024 17:51

ДУШАНБЕ, 06.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва  қадрдонии   ғолибони озмунҳои соҳавии  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар он беш аз 100 нафар ҷавонон ҳавасманд гардонида  шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар маросими мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, донишҷўён,  ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  иштирок намуданд.

Ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат,  адои қарзи ҳарбӣ,  хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст.

Имсол аз ҷониби комиссияи босалоҳият 13 нафар беҳтаринҳо ба ин ҷоизаи  «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ»  сазовор  гардиданд. Аз ин шумора  8 нафари онҳо дар қайди ҳаёт нестанд  ва ҷоиза ба  пайвандони онҳо дар фазои тантанавӣ   тақдим гардид.

Ҳамзамон ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технологияю инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қадрдонӣ шуданд.

Инчунин дар маросим нафарони дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2023», «Беҳтарин волонтёри соли 2023», «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2023» ва дигар номинатсияҳо ҳавасманд гардонда шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Кумита ғолибони озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 6, 2024 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд