Шумораи маҷруҳшудагон дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Канзас-Ситии ИМА ба 22 нафар расид
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадди ақалл 22 нафар дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Канзас-Сити (ИМА) ҳангоми ҷашни пирӯзии дастаи «Канзас-Сити Чифс» дар Супербоул — бозии ниҳоии Лигаи миллии футболи Амрикои шимолӣ (NFL) захмӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.
«Мо тасдиқ намудем, ки як нафар ҳалок шудааст. Шумораи умумии тирхӯрдагон ба 22 нафар расид»,- изҳор намуд рӯзи чоршанбе сардори полиси шаҳр Стейси Грейвз. Гуфта мешавад, ки дар байни маҷруҳон ҳашт кӯдак низ будааст.
Тибқи иттилои Стейси Грейвз, се нафар боздошт шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид






