Соли 2023 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ беш аз 17 миллиард сомонӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ соли 2023 17 миллиарду 738 миллион сомонӣ ворид гардид, ки беш аз 103 фоизи иҷрои нақшаи аниқшударо ташкил дода, бо назардошти дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ қабул гардидани буҷетҳои иловагӣ 650 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти андози мамлакат дар соли 2023 ба доираи васеи намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо соли 2023 дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 104,8 фоиз, Хатлон 105,1 фоиз, вилояти Суғд 104,5 ва шаҳри Душанбе 104,7 фоиз таъмин гардид.
Номбурда афзуд, ки беш аз 100 фоиз иҷро гардидани нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар мамлакат бо рушд намудани иқтисодиёт, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, рақамикунонии соҳа ва андешидани дигар тадбирҳои муҳим муяссар гардидааст.
Гуфта шуд, ки бақияи андозҳо ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар маҷмуъ 647,6 миллион сомониро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба ҳолати 1 январи соли 2023 67 миллион сомонӣ кам шудааст.
Инчунин соли 2023 дар мамлакат иҷрои сифати қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар ин давра нақшаи танҳо як намуди андоз –андоз барои захираҳои табиӣ таъмин нагардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






