Соли 2023 дороиҳои «Саноатсодиротбонк» ба 784,8 миллион сомонӣ баробар гардид
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бо мақсади дастгирии корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ бо роҳи пешниҳод намудани қарзҳо ва хизматрасонии бонкӣ соли 2023 корҳои муайянро амалӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин бонк иттилоъ доданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дороиҳои бонк ба 784,8 млн сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022 ба андозаи 34,5 фоиз ва ё ба маблағи 201,3 млн сомонӣ афзудааст. Сармояи бонк ба 570,3 млн сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2022 ба андозаи 12,5 фоиз ва ё ба маблағи 63,2 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.
«Саноатсодиротбонк» соли 2023 ба маблағи 36,7 млн сомонӣ фоидаи соф ба даст овард, ки ин натиҷа нисбат ба соли 2022 3,2 фоиз зиёд мебошад. Бонк дар ин давра дар маҷмуъ 15,8 млн сомонӣ маблағи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолият ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






