Соли 2023 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 патент барои ихтироот ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ« Ховар»/. Соли 2023 аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 5 қарори мусбат оид ба додани патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 30 натиҷаи илмӣ ва 5 пешниҳоди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон манзур шудааст. Ҳамчунин муассисаҳои илмию таҳқиқотии академия аз рӯйи шартнома беш аз 15 фармоиши вазорату идораҳои гуногунро иҷро намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 113 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 17 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 3960 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 60 монография, 75 китобу дастур, 10 маҷмуаи мақолаҳо, 10 маводу тавсияномаҳо, 5 фарҳанги истилоҳотӣ ва беш аз 3800 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ омода гардид, ки аз онҳо 3370 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, қариб 400 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






