Соли 2023 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 патент барои ихтироот ба даст оварданд

Февраль 11, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ« Ховар»/. Соли 2023 аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 5 қарори мусбат оид ба додани патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 30  натиҷаи илмӣ ва 5 пешниҳоди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон манзур шудааст. Ҳамчунин муассисаҳои илмию таҳқиқотии академия аз рӯйи шартнома беш аз 15 фармоиши вазорату идораҳои гуногунро иҷро намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ олимони  Академияи миллии  илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 113 мавзуъ, аз ҷумла  68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 17  мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  беш аз 3960  кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 60  монография, 75  китобу дастур, 10 маҷмуаи мақолаҳо, 10 маводу тавсияномаҳо,  5 фарҳанги истилоҳотӣ ва беш аз 3800 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ омода гардид, ки аз онҳо 3370 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, қариб 400 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ  «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад