Соли 2024 Маркази миллии тестӣ дар 59 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил менамояд
ДУШАНБЕ, 10.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шаффофу дастрас баргузор намудани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД)-2024 дар 59 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестӣ хабар доданд.
Аз ҷумла, дар 43 шаҳру ноҳия 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ бо 154 истгоҳи корӣ ва дар 16 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил шуда, барои фаъолият дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ‑2024, ки чун солҳои пеш аз 1 март оғоз мегардад, пешбинӣ мешаванд.
Бо ин мақсад Маркази миллии тестӣ бо мақсади омӯзиш ва интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштироки довталабон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 машваратҳои омӯзиширо оғоз намуд.
Кормандони муваққатие, ки баъд аз гузаштан аз ин машваратҳо дар асоси натиҷаҳои озмун ба кор қабул мешаванд, дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ ҳамчун роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандагон дар ин нуқтаҳо кор менамоянд.
Тибқи эълон, аз тариқи электронӣ 529 хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмуни интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ) пешниҳод намуданд. Аз ин шумораи аризадодагон мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда 482 нафар ба машваратҳои омӯзишӣ ҷалб мешаванд.
Барои ташкилу баргузории машваратҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент ва Рашт аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи барнома, машваратҳои омӯзишӣ барои 15 гурӯҳ дар ин шаҳру ноҳияҳо то 17 феврали соли 2024 давом меёбанд.
Шумораи кормандоне, ки дар асоси озмун барои кор дар давраи якуми бақайдгирии довталабон (аз 1 март то 30 апрели соли 2024) дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб мешаванд, 241 нафарро ташкил медиҳад.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






