СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Танҳо ба воситаи маърифати баланди ҳуқуқӣ метавон ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд намуд

Февраль 20, 2024 10:51

ДУШАНБЕ, 20.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар радифи дигар дастовардҳои муҳим яке аз муваффақияти ҷомеаи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Имсол аз қабули ин санади тақдирсоз 30 сол сипарӣ мешавад. Ба ин муносибат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равонро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. Ҳар қадаре, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа баланд бошад, ҳамон андоза кафолати рушди босуботи мамлакат таъмин мегардад. Новобаста аз касбу кор имрӯз зарурат пеш омадааст, ки шуури ҳуқуқии мардум баланд бардошта шавад. Ин имкон медиҳад, ки фаъолияти бонизом ва самараноки тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа шаҳрвандӣ таъмин шавад. Чунин ибрози андеша намудааст прокурори ноҳияи Данғара, мушовири адлияи дараҷаи 2 Нодирҷон ҚОДИРЗОДА дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар идомаи матлаб номбурда чунин изҳори назар кардааст: 

Дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади сарнавиштсоз аз ҷониби мардуми мамлакат қабул гардид. То имрӯз дар заминаи ин ҳуҷҷати дурнамосоз якчанд санади меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ қабул  шуд, ки ба раванди рушди бонизоми мамлакат мусоидат менамоянд. Таҷрибаи кишварҳои мутамаддин нишонаи он аст, ки рушди низоми демократӣ ва амалӣ гардидани иродаи халқ дар сатҳи ҳокимият аз сатҳи маърифати ҳуқуқии тамоми қишрҳои ҷомеа вобастагӣ дорад.

Бояд гуфт, ки дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва дар ин замина таъмин намудани волоияти қонун қарор дошт. Вобаста ба ин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «таъмин намудани рушди устувор ва босуръати мамлакат танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷониба талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад».

Дар робита ба ин Сарвари давлат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ишора намуданд, ки бояд тамоми саъю кӯшишро ба ин самт равона созанд.

Воқеан, вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сатҳи тафаккури ҷомеа тақозо менамояд, ки дар раванди фаъолияти қонунэҷодкунӣ талаботи ҷомеа ва манфиатҳои миллӣ ба инобат гирифта шавад. Таҷрибаи фаъолияти қонунгузорӣ ва эҷоди меъёрҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон нишони он аст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ дар амал татбиқ мешаванд. Албатта, рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа аз сатҳу сифати санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобастагии зиёд дорад. Имрӯз, ки мо дар раванди амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ қарор дорем, зарур аст, ки санадҳои меъёрии соҳавие қабул шаванд, ки дар ҳама самтҳо масъулият ва ҷавобгарии тарафайнро мушаххас намоянд. Фаъолияти қонунгузорӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ дар раванди ташаккул ва рушди маърифати ҳуқуқӣ таъсири амиқ мегузорад. Бинобар ин, ин мушаххасӣ ва равшании мазмуну муҳтавои тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ имкон медиҳад, ки самаранокӣ таъмин шавад.

Дар Тоҷикистон давоми солҳои истиқлол санадҳои зиёде қабул гардиданд, ки боиси самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мешаванд. Дар ин раванд нақши вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ хотирнишон намуданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшуда натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулнамудаи Парлумони мамлакат мебошад.

Пешвои миллат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат ва онҳоро даъват намуданд, ки минбаъд низ якҷоя фаъолият намуда, мамлакатамонро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯи Ватани азизамон–Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем. Ҳамин аст рисолати ҳар нафари ватандӯсту хештаншинос. Ин нуктаҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишони он ҳастанд, ки нақш ва ҷойгоҳи Маҷлиси Олии мамлакат дар ташаккул ва рушди шуури ҳуқуқӣ ва самаранокии тамоми мақомоти давлатӣ муҳим аст.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Дар робита ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020–2030 амалӣ мешавад.

Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии мамлакат нақши калидӣ дорад ва дар Паёми Президенти Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, таъмини волоияти қонун мебошад, ки он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Маҳз арҷгузорӣ ба қонун кафолати ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ба вуҷуд меорад. Арҷгузорӣ аз дарку фаҳмиши оммавии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бештар вобастагӣ дорад. Дарки волоияти қонун аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузошта, имкон фароҳам меорад, ки дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқуқбунёд муваффақ бошем. Ҳамчунин нишони волоияти қонун дар ҷомеа- самаранокии тамоми қонунҳои соҳавӣ маҳсуб мешавад. Маҳз марифати ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки самаранокии қонунҳо дар мамлакат таъмин шавад. Новобаста аз касбу кор дар раванди ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ҳар шаҳрванд рисолати асосиро дар назди давлат ва ҷомеа ба таври мушаххас дарк менамояд.

Самаранокии тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз Конститутсия то қонунҳои соҳавӣ аз фаъолияти мақомоти судии мамлакат низ вобастагии зиёд дорад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур доданд, ки «таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд».

То кадом андоза амалӣ гардидани адолати судӣ, ки дар маркази он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон қарор дорад, ба раванди таҳкими қонуният дар ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Боварӣ ва эътимоди ҷомеа нисбат ба мақомоти давлатӣ аз раванди фаъолияти онҳо вобастагӣ дорад. Амалӣ гардидани адолати судӣ ҷиҳати таҳкими волоияти қонун шароити мусоид фароҳам меорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд».

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳолати бисёр мураккабу ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан рӯз то рӯз авҷ гирифтани раванди тақсимоти навӣ ҷаҳонӣ, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ водор менамояд, ки ҷиҳати таъмин намудани амнияти мудофиавии давлат тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешида шавад.

Ин тадбирҳоро Пешвои миллат бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии афсарону сарбозон арзёбӣ намуданд.

Дар воқеъ, давоми солҳои истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон зери сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро татбиқ менамояд ва дар назар аст, ки ин раванд минбаъд ҳам идома меёбад.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки мақсади асосии мо аз навсозии имконоти Қувваҳои Мусаллаҳ- боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи сиёсии мамлакат мебошад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ зоҳир намоянд.

Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки бояд ҳамаи захираву имконотро баҳри иҷрои вазифаҳои гузошташуда барои соли 2024, ки дар ин сол 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, равон намоянд.

Маҳз ин ҳуҷҷати сарнавиштсозу дурнамои мамлакат, ки заминаи бунёди давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардумро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои давлатро устувор гардида, беҳтарин арзишҳо барои ҷомеа, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шавад. Дар ин замина рушди устувори иқтисодии мамлакат таъмин гардида, барои ҳар шаҳрванд шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.

Бо назардошти аҳамият ва мубрамияти ин масъалаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори 30-солагии Конститутсия Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад. Ин аз як ҷониб арҷгузорӣ ба Қонуни асосии Тоҷикистон буда, аз ҷониби дигар, заминаи устувор гузоштан ба бунёди ҷомеаи шаҳвандӣ мебошад. Танҳо ба василаи маърифати баланди ҳуқуқӣ метавон ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2024 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд