Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Эмомалӣ Раҳмон -абармарде, ки бо матонат, шуҷоат ва нангу номус давлату миллатро наҷот бахшиданд»

Ноябрь 14, 2025 15:36

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар вақте Президенти кишварамонро дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ байни сарони дигар давлатҳо соҳибэҳтиром мебинем, вақте ҷонибдории созмонҳои бонуфизи ҷаҳонро аз ташаббусҳои Сарвари давлатамон мебинему мешунавем ифтихор мекунем. Ифтихор дорем, ки Пешвои миллати мо ҳамчун ташаббускори масъалаҳои глобалӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ин матлаб дар мақолаи Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Баҳриддин САФАРЗОДА, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст, баён шудааст. Матни пурраи мақола дар зер пешниҳод мегардад.

— Таърихи начандон дури мо, тоҷикон гувоҳ аст, ки баъди он ки Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти сиёсӣ ба даст овард ва миллати соҳибтамаддуни тоҷик имконияти эҳёи давлатдории миллиро маротибаи дигар соҳиб гашт, дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ мамлакати мо соли 1992 ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Дар ин лаҳзаҳои тақдирсоз, ки ҷомеаро бесарусомонӣ ва халқро яъсу ноумедӣ фаро гирифта, хатари аз байн рафтани давлат ва миллати тоҷик ба вуҷуд омада буд, бо мақсади ба эътидол овардани вазъият, азбаски дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд, дар шаҳри Хуҷанд, дар Қасри Арбоб аз 14 ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин иҷлосия вакили мардумӣ, раиси онвақтаи вилояти Кӯлоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Минбаъд таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат, барқарорсозии соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва идоракунии давлатӣ шуруъ гардид. Дар муддати кӯтоҳ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои дахлдор муҳайё карда шуданд, ки дар лоиҳаи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, шакли идоракунии президентӣ ва аз ҷониби халқ интихоб шудани Президенти мамлакат пешбинӣ карда шуд.

6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони мамлакат ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон райъ дода, ҳамзамон бо риояи принсипҳои интихоботии умумӣ, мустақим ва баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби халқ якдилона интихоб гардиданд, пеш аз шуруъ ба вазифа савганд ёд карданд.

Бо назардошти ин рӯйдоди таърихӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016 ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” сархати ҳафтоду якум илова карда шуда, тибқи он 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд.

Аз он давра инҷониб ҳамасола мардуми баруманди тоҷик ин рӯзро бо сипосгузорӣ аз хизматҳои мондагори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу субот ва ваҳдати саросарии миллӣ дар мамлакат, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва татбиқи ормону ҳадафҳои умумимиллӣ бо ифтихор таҷлил менамояд.

Тибқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо ва риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Маҳз таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба ҳадафҳои стратегии худ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат расида истодааст. Ҳадафи ниҳоӣ таъмини зиндагии шоиста барои ҳар фарди Тоҷикистон аст.

Аз ин лиҳоз, мо бояд дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору зиндагии ҳаррӯза қарор дода, бо дастгирии сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати мамлакат барои рушду нумуи Тоҷикистон аз ин бештар саъю талош намоем.

Ноябрь 14, 2025 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Талошҳои Президенти Тоҷикистон дар ташаккул ва пешбурди дипломатияи сулҳофарӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ назаррасанд
СУЛҲУ ОРОМӢ — АРЗИШИ МУҚАДДАСУ ТАЪРИХӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
ҚУДРАТИ ИЛМӢ — КАФИЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА АМНИЯТУ СУБОТИ ҶОМЕА. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ҲУКУМАТИ РАҚАМӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фарқияти он
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ПИРЯХИ ТОҶИКИСТОН — БУЗУРГТАРИН ПИРЯХИ КӮҲИИ САЙЁРА. Омӯзиши он бояд ҳамчун вазифаи муҳими илмӣ ва давлатӣ идома ёбад
ТОҶИКИСТОН – ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ СУЛҲҶӮЁНА ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Ҷаҳон дар талоши сулҳи пойдор ва фалсафаи «ман ба Шумо сулҳ меорам!»-и Президенти Тоҷикистон