Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд ба ниёзҳои иқтисоди миллӣ ва мардуми Тоҷикистон ҷавобгӯ бошад
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, дар ҷаласа оид ба вазъи фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва сифати тайёр намудани мутахассисони зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ва фаъолияти минбаъдаи кумитаи навтаъсис масъалаҳо гузошта шуданд.
Дар ҷаласа аз тарафи Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ вазъи имрӯзаи фаъолияти таълимию тарбиявии зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳаматарафа таҳлил шуд.
Таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи фаъолияти кунунии зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба таври дуруст ба роҳ монда нашудааст. Бинобар ин моро зарур аст, ки фаъолияти минбаъдаи ин зинаҳои таҳсилро куллан тағйир дода, барои ғанӣ гардонидани бозори меҳнати дохилию берунӣ бо мутахассисон ҷидду ҷаҳд намоем.
Ҳамзамон иброз шуд, ки кумитаи навтаъсис тасмим гирифтааст, ки оид ба таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, нақша ва барномаҳои таълимӣ, равия ва ихтисосҳои амалкунандаи ин зинаҳои таҳсил тадбирҳои зарурӣ андешад.
Гузашта аз ин, ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил, иштироки ҳатмии хонандагону донишҷӯён дар дарсҳо, таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимӣ бо маводи озмоишӣ ва ғайра тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати омода намудани маводи (шиносномаи) муассисаи таълимӣ, сертификати қитъаҳои заминҳои назди муассиса, фаъолияти таълимию истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар назди паркҳои технологӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ инчунин доир ба назорати ҷиддии раванди таълиму тарбия, сари вақт ба кор ҳозир шудан, таъмини пурраи давомоти хонандагону донишҷӯён, риояи қоидаҳои дохилимуассисавӣ, риояи ҳатмии сарулибоси тавсиявӣ ва дар вақти корҳои амалӣ, озмоишгоҳӣ ва истеҳсолӣ истифодаи либосҳои тавсиявии махсус, санҷиши дарсҳо, нақшаҳои инфиродӣ ва барномаҳои кории омӯзгорон, бо лавозимоти таълим, бо назардошти эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва иқтисоди миллӣ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани феҳристи ихтисосҳои коргарӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар муассисаҳо омӯзиши онҳо амалӣ мешавад, дар шакли даврҳои кӯтоҳмуддати 1-моҳа, 3-моҳа, 6-моҳа тибқи талаботи қонунгузорӣ ва Стандартҳои давлатии таҳсилот, тарғибу ташвиқи васеи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 дар байни хонандагону донишҷӯён ва кормандон супоришҳо дод.
Ҳамчунин барои омодагӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани Нақшаи баргузории чорабиниҳо дар муассисаҳо, аз ҷумла, симпозиумҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои сиёсӣ, давлатӣ ва миллӣ, баргузории озмунҳо, ба монанди омӯзгори сол, ҳунарманди сол, хонандаи сол, донишҷӯи сол, устои таълими истеҳсолии сол, беҳтарин навовару ихтироъкор, конкурсҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва дигар тантанаву чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои муассисаҳои таълимӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, рангу бор ва таъмири биноҳои таълимӣ ва иншооти ёрирасон, шинонидани гулҳои мавсимӣ, гулу бутаҳои ороишӣ, дарахтони мевадиҳанда, ҳамешасабз ва сояафкан дар атрофи биноҳо, заминҳои назди муассисаҳо ва заминҳои дар ихтиёри муассиса мавҷуда, пурра мавриди истифода қарор додани заминҳои дар ихтиёри муассиса мавҷуда, хоҷагиҳои ёрирасон, гармхонаҳо (дар ҳолати набудан ташкил намудани онҳо), ташкили қитъаҳои махсуси ниҳолпарварӣ, махсусан навъҳои ба шароит мутобиқ ва ба касалиҳо тобовар, нақшабандии фаъолияти хоҷагидорӣ ва кишту кор, гирифтани камаш 3 ва ҳатто 4 ҳосил аз замин, истифодаи самаранок ва оқилонаи ҳар пора замин, ҳар ҳафта ва мунтазам баргузор намудани шанбегиҳо бо мақсади тозаю озода намудани атрофи биноҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои кориву синфхонаҳо, роҳравҳо, иштироки фаъолона дар шанбегиҳои шаҳрӣ ва макони зист, роҳ надодан ба ҳодисаҳои коррупсионӣ ва ба таври фаврӣ сертификаткунонии заминҳои дар ихтиёри муассисаҳо қарордошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир шуд
««ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба муаммоҳои глобалии экологӣ ҳамоиш доир шуд
Давраи якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ то 30 апрел идома меёбад
Қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея оғоз гардид






