ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, шанбе, 41-умин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 10, 2024 08:00

10 феврали соли 2009 дар Белгия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия — Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

***

10 феврали соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» таъсис дода шуд.

***

10 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба 25-солагии  барпо намудани  робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Америка ба  Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

Соли 2018 ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон  баррасӣ гардид. 

***

10 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду бинои истиқоматии 9-ошёнаро бо ҷойгиршавии маркази савдо ва тарабхона ба истифода дода, ба 150 ятими кулл туҳфа ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд. 

***

10 феврали соли 2023 нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар  мавзуи «Таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд»  дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, ки дар кори он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

 10 ФЕВРАЛ:

Дар Русия – Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Зоҳир Дӯстматов — 1914 — коргардони театр,  ҳунарпешаи театру синамои Тоҷикистон. Барҷастатарин комёбии эҷодиаш симои Қорӣ Ишкамба аз филми бадеии «Марги суд­хӯр» мебошад.

Февраль 10, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид