ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 феврал, душанбе, 43-юмин рӯзи соли 2024 аст
12 феврали соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси байналмилалии сулҳ ва ризоият ба шаҳри Алматои Қазоқистон сафар намуданд.
***
12 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус ба имзо расид.
***
Соли 2010 дар Вашингтон аввалин машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардиданд.
***
12 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи молиявӣ, аз ҷумла рӯзномаи мизи мудаввари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 ҳунармандони беҳтарини Тоҷикистон маснуоти худро дар Намоиши байналмилалии чоррӯзаи молҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон ба намоиш гузоштанд.
***
12 феврали соли 2018 масъалаи рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар муҳокима гардид.
***
12 феврали соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи бистуми Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ суханронӣ намуданд.
***
12 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ: об моро муттаҳид менамояд» иштирок ва суханронӣ намуданд.
12 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии агентиҳои ақди никоҳ.
***
Дар ИМА – Рӯзи миллии озодии ақди никоҳ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Муҳиддин Зоиров -соли 1931 — ходими сиёсӣ ва давлатӣ.