ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, душанбе, 50-умин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 19, 2024 08:00

19 феврали соли 2009 паҳлавони тоҷик Олим Зикаев дар мусобиқаи кушоди XIII Ҷумҳурии Беларус оид ба гӯштини самбо барои дарёфти Ҷоми президенти ин мамлакат дар шаҳри Минск соҳиби медали тилло гардид.

***

19 феврали соли 2010 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Шри–Ланка дар доираи Ҷоми даъватии Конфедератсияи футболи Осиё бар дастаи мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби 3:1 ғалаба ба даст овард.

***

19 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Соли 2018 дар Душанбе масъалаи ба муассисаҳои таҳсилотии олии Федератсияи Русия тибқи квота дохил шудани ҷавонони тоҷик баррасӣ гардид.

***

19 феврали соли 2020 дар Душанбе доир ба содагардонии расмиёти савдо Созишномаи дорои аҳамияти минтақавӣ ба имзо расид.

***

19 феврали соли 2021  дар бинои Ҳукумати мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони якчанд вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 байниПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

19 ФЕВРАЛ:

Дар Туркманистон — Рӯзи парчами давлатӣ.

***

Дар Непал – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Канада – Рӯзи оила.

 ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Тӯхта  Иброҳимова – сароянда, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1970).

Февраль 19, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, панҷшанбе, 345-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, чоршанбе, 344-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, сешанбе, 343-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, душанбе, 342-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, якшанбе, 341-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, шанбе, 340-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, панҷшанбе, 338-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, сешанбе, 336-умин рӯзи соли 2025 аст