ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, ҷумъа, 54-умин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 23, 2024 08:00

23 феврали соли 1993  аввалин гузашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

*** 

23 феврали соли 2010 рӯзномаи марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Жэнмин Жибао- он-лайн» дар сомонааш бахши  махсусро таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин: Муколамаи фарҳангҳо» фаъол намуд.

***

23 феврали соли 2010 бо қарори Ассамблеяи генералии  Созмони Милали Муттаҳид ба ҷашни Наврӯз  мақоми байналмилалӣ дода  шуд.

***

23 феврали соли 2012 дар Озарбойҷон масъалаи ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку муҳокима шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин ҳамчун як оила» консерти муштараки ҳунарпешагони Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.

 ***

23 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро пазируфтанд.

***

23  феврали соли 2022 дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.

***

23 феврали соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

23 ФЕВРАЛ:

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Шариф Назаров, соли  1946 — мураббии футбол, Корманди маданияти Тоҷикистон.

***

Амон Нуров, соли 1938 — луғатшинос, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Февраль 23, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш