ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, ҷумъа, 40-умин рӯзи соли 2024 аст
9 феврали соли 2009 дар пойтахти Латвия-шаҳри Рига Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.
***
9 феврали соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой»-ро баррасӣ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими ифтитоҳи Фестивали 9-уми байналмилалии шоҳмоти кушод «Aeroflot Open 2010» оғоз гардида, 17 феврал ба анҷом расид. Ду шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов ва Соҳиб Ҷураев дар он иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Америка дар самтҳои гуногун муҳокима шуд.
***
9 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии фаъолияти Ҷамъияти саҳомии «Фонди сармоягузории мустақими Қазоқистону Тоҷикистон» баргузор гардид.
***
9 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи шуъбаи фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
***
9 феврали соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шинос шуданд.
***
9 феврали соли 2021 Тоҷикистон ва Русия масоили ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба таври фарогирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
***
9 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
***
9 феврали соли 2023 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Туркия кумаки башардӯстона фиристода шуд.
9 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии дандонпизишк.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
НӮЪМОН РОЗИҚ -соли 1927-нависанда. Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.