Талаботи ҷаҳонӣ ба тилло соли 2023 ба сатҳи баландтарин расид

Февраль 16, 2024 09:55

ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Талаботи умумии ҷаҳонӣ ба тилло, аз ҷумла берун аз фурӯши биржавӣ ва ҷараёнҳои саҳомӣ соли 2023  4 899 тоннаро ташкил дода, ба сатҳи баландтарин расид, гуфта шудааст  дар гузориши соҳавӣ. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад.

Мувофиқи гузорише, ки аз ҷониби Шурои ҷаҳонӣ оид ба тилло нашр гардидааст, талаботи бонкҳои марказӣ соли 2023 ба 1037 тонна расид, ки дуюмин нишондиҳандаи бузургтарин дар таърих мебошад.

Соли 2023 фондҳои ҷаҳонии биржавии тилло (ETF) дар бораи хуруҷи соли сеюми пай дар пай бо коҳиши 244 тонна дар соли 2023 иттилоъ доданд, гуфта шудааст дар ҳисобот.

Талаботи ҷаҳонӣ ба сабиқаҳо ва тангаҳои тиллоӣ ба ҳисоби солона 3% коҳиш ёфт, дар ҳоле ки талабот ба металли зард дар саноати заргарӣ то 2 093 тонна афзоиш ёфтааст.

Соли 2023 ҳаҷми умумии пешниҳоди ҷаҳонии тилло дар ҳисоби солона 3% афзуд. Истихроҷи тилло дар конҳо соли 2023 дар ҳисоби солона 1% афзуда, ба 3 644 тонна расидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 16, 2024 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад