«ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ МУҲИМИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Хатлон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Тарбияи ватандӯстӣ-омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Ҳамоиш дар робита ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ гузаронида шуд.
Афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, вусъати раванди корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ, афзоиши даромади пулии аҳолӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, аз якуми январи соли 2024 то ба 40% афзоиш ёфтани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз 1 июли соли 2024 аз 30% то 40% баланд шудани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардидаанд.
Инчунин таъсис додани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати мамлакат, тадбирандешӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, то соли 2037 ба мамлакати сабз табдил додани Тоҷикистон, таҳияи Барномаи мушаххаси кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми НБО «Роғун» аз ҷумлаи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ мебошанд.


Таъкид гардид, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 моро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳм гузорем ва риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун шарти муҳимтарини бунёди ҷомеаи навин ба шумор меравад. «Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад», — гуфтаанд Президенти мамлакат.
Дар ҳамоиш оид ба тақвияти корҳо дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, муборизаи дастҷамъона бар зидди зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи сарфаю сариштакорӣ, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар иду маросим, таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандон ва воридшавии ноболиғон ба иттиҳодияҳои динӣ сухан гуфта шуд.
АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид






