«ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ МУҲИМИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Хатлон ҳамоиш доир шуд

Февраль 8, 2024 11:18

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Тарбияи ватандӯстӣ-омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Ҳамоиш дар робита ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ гузаронида шуд.

Афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, вусъати раванди корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ, афзоиши даромади пулии аҳолӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, аз якуми январи соли 2024 то ба 40% афзоиш ёфтани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз 1 июли соли 2024 аз 30% то 40% баланд шудани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  махсус таъкид гардидаанд.

Инчунин таъсис додани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати мамлакат, тадбирандешӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, то соли 2037 ба мамлакати сабз табдил додани Тоҷикистон, таҳияи Барномаи мушаххаси кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми НБО «Роғун» аз ҷумлаи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ мебошанд.


Таъкид гардид, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024  моро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳм гузорем ва риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун шарти муҳимтарини бунёди  ҷомеаи навин ба шумор меравад. «Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад», — гуфтаанд Президенти мамлакат.

Дар ҳамоиш оид ба тақвияти корҳо дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, муборизаи  дастҷамъона бар зидди зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи сарфаю сариштакорӣ, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар иду маросим, таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандон ва воридшавии ноболиғон ба иттиҳодияҳои динӣ сухан гуфта шуд.

АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 8, 2024 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши воситаҳои ахбори омма дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас аст
Дар муассисаҳои олии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои ИДМ дарсҳои озод доир шуданд
Дар шаҳри Душанбе вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак таҳлил гардид
Дар Душанбе ҷаласаи вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Бо татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир шуд
Омӯзгори фанни таълими меҳнат аз Рашт Зубдахон Валиева: «Ҳунарамро дар мактаб ба шогирдон ва дар хона ба занон меомӯзонам»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфаро бе эътибор нагузоред!
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ақдҳои никоҳе, ки аз ҷониби дигар мақомот сабт шудаанд, қувваи қонунӣ надоранд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар конфронси сатҳи баланд дар Рим сухан гуфт