Тоҷикистон ва Фонди глобалии экологӣ ҳамкориро дар самти ҳифзи муҳити зист вусъат мебахшанд
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврали соли равон дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори Фонди глобалии экологӣ Карлос Мануел Родригес баргузор гардид, ки дар рафти он ҷонибҳо масъалаи вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавзуи тағйирёбии иқлим, аз даст додани гуногунии биологӣ, ифлосшавии муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ибрози андеша намуданд.
Баҳодур Шерализода дар вохӯрӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи чаҳонӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дастгирӣ аз ҷониби фондҳои экологӣ ва шарикони рушд ҷиҳати амалишавии онҳо ба манфиати сокинони сайёра хоҳад буд.
Дар қисмати ниҳоии мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди глобалии экологӣ дар заминаи гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зистро тақвият бахшанд.
Ҳамзамон Баҳодур Шерализода Карлос Мануел Родригесро барои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муносиб барои аз наздик шинос гардидан бо табиати ҷумҳурии мо даъват намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






