Тоҷикистон ва Тайиланд ба густариши ҳамкории байнипарлумонӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Тайиланд Ардашер Қодирӣ бо Раиси Парлумони Ассамблеяи миллии Шоҳигарии Тайиланд Ван Муҳаммад Нур Матҳа баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ намуда, ба густариши ҳамкорие, ки ба рушду пешравии минбаъда замина мегузорад, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, рушди ташаббусҳои муштараки қонунгузорӣ, табодули таҷриба байни вакилони парлумон, ҳайати кормандон ва ташкили сафарҳои мутақобила баррасӣ шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






