ТОҶИКИСТОНРО БА МАМЛАКАТИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 1,7 миллион бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 722 ҳазору 190 бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе иттилоъ дод.
Таъкид шуд, ки амалӣ намудани корҳои сабзазоркунӣ ва тозагию хуррамгардонӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки бо мақсади ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 20,5 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шуда, дар майдони 269 ҳазору 262 метри мураббаъ майсазор кишт гардид.
Гуфта шуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои ниҳолшинонию сабзазоркунӣ диққати махсус медиҳад. Аз ҳисоби Кумита ва мақомоти зерсохтори он дар ҷойҳо, инчунин сохторҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо иштироки фаъоли кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба миқдори 16 754 бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда ва ба миқдори қариб 180 ҳазор бех гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






