Вакили Маҷлиси намояндагон дар нишасти 50-уми Комиссияи махсуси Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд

Февраль 17, 2024 13:10

ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи одоби парлумони касбии мамлакат Файзулло Баротзода дар нишасти 50-уми Комиссияи махсус оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва экологии Кумитаи иҷроияи Ассамблеяи парлумонии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.

Таъкид гардид, ки дар робита ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист ва экология Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати осебпазир қарор дорад ва ҳамасола ҳолатҳои обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиии марбут ба об рух медиҳад, ки боиси талафот мегардад. Аз ин сабаб барои паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои давраи то соли 2030» амалӣ менамояд. Ин Стратегия барои баланд бардоштани иқтидори технологияҳои сабз равона гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» мавқеи пешсафиро доро аст ва 98 фоизи барқи худро дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол менамояд. Рушди энергетика дар  заминаи пешбурди «иқтисоди сабз» боқӣ мемонад. Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037» мавриди татбиқ қарор дорад.

Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин илова намуд, ки тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, ба камшавии захираҳои обӣ, олудашавии муҳити экологӣ ва  обшавии босуръати пиряхҳо таъсири ногувор дорад. Маҳз пиряхҳо шаст фоизи ташаккули обҳои минтақаи Осиёи Марказиро таъмин менамоянд. Ҳоло тақрибан як ҳазор пирях аз маҷмуи умумии 13 ҳазор кам гардидааст. Аз ин ҷиҳат, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март — «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул гардид. Ҳамчунин Фонди ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд ва Тоҷикистон тасмим гирифтааст саҳми молиявии худро ба ин Фонди мақсаднок гузорад.

Дар хотима таъкид шуд, ки дар шароити кунунӣ ҳаллу фасли мушкилоти экология ва тағйирёбии иқлим андешидани тадбирҳои дастҷамъона ва ҳадафнокро тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро дар ин самт пайгирона идома хоҳад дод.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 17, 2024 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд