«Vast Resources PLC» дар оянда корхонаи «Апрелевка» -и Суғдро бо иқтидори пурра ба кор меандозад

Февраль 29, 2024 08:22

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳамкории мутақобила дар самти истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори иҷроияи корхонаи «Vast Resources PLC» Ричард Эндрю Прили мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки зимни муаррифии имконоти  вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар вилояти Суғд барои рушди  тамоми соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Гуфта шуд, ки корхонаи «Vast Resources PLC» асосан дар самти истихроҷ ва коркарди маъдан фаъолияти босамар дошта, дар аксар давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ дорад.

Ричард Эндрю Прили ҳавасмандиашро барои густариши ҳамкорӣ, алалхусус дар корхонаи «Апрелевка» баён дошт. Таъкид гардид, ки дар доираи ин ҳамкорӣ ояндаи наздик бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаи «Апрелевка» ба нақша гирифта шудааст.

Корхонаи «Апрелевка» яке аз корхонаҳои бузурги вилояти Суғд буда, соли 1995 дар заминаи кони маъдани истихроҷи тиллои Қайроққум таъсис дода шудааст. Ширкат бо анҷом додани корҳои иктишофӣ ва воридсозии технологияи муосир имкон дорад иқтидори истеҳсолии корхонаро ду — се баробар боло бардорад.  

 АКС: Хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Суғд

Февраль 29, 2024 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид