Вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо вазъи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазъи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ва 10-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат.
Зимни шиносоӣ бо бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ба Вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ соли 2021 оғоз ёфта, барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Сохтмони бинои муассиса пурра ба охир расида, корҳои муҷаҳҳазгардонии бино идома доранд. Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика ва технологияи компютерӣ бо тамоми таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз буда, муассиса дар баробари синфхонаҳои фаннӣ дорои утоқи махсуси маркази инкишофи кӯдак мебошад.
Таъкид гардид, ки бинои нави муассисаи таълимии рақами 9 рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад, ки он дар минтақа назир надорад.
Раҳим Саидзода ба сифати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизоти омӯзишиву таълимӣ баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки фароҳам овардани муҳити ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалии таълим ба баланд бардоштани сифати таҳсил таъсири мусбат мегузорад.
Дар идома Вазири маориф ва илм бо вазъи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои муассиса соли 1966 сохта шуда, дорои 21 синфхона мебошад. Ҳоло дар он 960 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 52 омӯзгор дарс мегӯяд.
Вазири маориф ва илм бо омӯзгорони муассиса суҳбат намуда, дастур дод, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо 50 миз, 100 курсӣ ва тахтаҳои синфӣ таъмин шавад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






