Вазорати адлия: «Соли 2023 дар Тоҷикистон 242 ҳазору 697 кӯдак таваллуд шудааст, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 9964 нафар зиёд аст»
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 242 ҳазору 697 кӯдак таваллуд шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 9964 нафар бештар аст. Аз ин шумора 117 ҳазору 210 нафарро духтар ва 125 487 нафарро писар ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 76 444 ҳолати ақди никоҳ сабт шуда, ҳолати бекор намудани он 10 298 ададро ташкил дод, ки тамоюли пастшавӣ дорад.
Иброз шуд, ки соли 2023 26 фоиз кам шудани бекоршавии ақди никоҳ сабт шудааст. Гуфта шуд, ки ҳангоми бастани ақди никоҳ аз ҷониби Раёсат ҳамвора қабл аз издивоҷ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ҳуқуқҳои ҳарду ҷониб фаҳмонида шуда, ҷойгоҳи баланд доштани оила дар назди ҷомеа пайваста таъкид мегардад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 32 ҳазору 767 ҳолати фавт сабт гардидааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд






