Вазорати адлия: «Соли 2023 дар Тоҷикистон 242 ҳазору 697 кӯдак таваллуд шудааст, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 9964 нафар зиёд аст»

Февраль 15, 2024 15:16

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 242 ҳазору 697 кӯдак таваллуд шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 9964 нафар бештар аст. Аз ин шумора 117 ҳазору 210 нафарро духтар ва 125 487 нафарро писар ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби  Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 76 444 ҳолати ақди никоҳ сабт шуда, ҳолати бекор намудани он 10 298 ададро ташкил дод, ки тамоюли пастшавӣ дорад.

Иброз шуд, ки соли 2023   26 фоиз кам шудани бекоршавии ақди никоҳ сабт шудааст. Гуфта шуд, ки ҳангоми бастани ақди никоҳ аз ҷониби Раёсат ҳамвора қабл аз издивоҷ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ҳуқуқҳои ҳарду ҷониб фаҳмонида шуда, ҷойгоҳи баланд доштани оила дар назди ҷомеа пайваста таъкид мегардад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 32 ҳазору 767 ҳолати фавт сабт  гардидааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд