Вазорати маориф ва илм платформаи рақамии «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор»-ро мавриди истифода қарор дод

Февраль 23, 2024 17:08

ДУШАНБЕ, 23.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф платформаи рақамии «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор»-ро коркард намуда, мавриди истифода қарор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Платформаи рақамӣ дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Биё, ҳамроҳ омӯзем»-и ЮСАИД вобаста ба рушди маҳорати касбии омӯзгорон таҳия шуда, ба истифода додани он қадаме дар рақамикунонии системаи такмили ихтисоси омӯзгорон мегардад.

Таъкид гардид, ки такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон дар ҷараёни таҳсили миллӣ ҳамчун зинаи муҳим ва ҳатмӣ маҳсуб мешавад. Зеро зарурати такмил додани маҳорату малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба талаботи рӯз ва дар асоси дастовардҳои технологияи таълими фаъол беш аз пеш ба назар мерасад.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, ки «бояд ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар истифодаи технологияи иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар намудани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад».

 АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2024 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад