23 МАРТ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲАВОШИНОСӢ. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият дорои инфрасохтори замонавӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 50 нуқтаи ҳавосанҷӣ ба Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳамарӯза доир ба вазъи боду ҳаво, ҳарорати ҳаво, бориш, самту суръати шамол ва дигар равандҳои атмосферӣ маълумот пешниҳод менамоянд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 16 нуқтаи худкори обсанҷӣ ва 16 нуқтаи худкор оид ба муайян намудани сифати ҳаво фаъолият менамоянд, ки дар пешниҳоди маълумот доир ба пасту баландшавии сатҳи оби дарёҳо, ҷараёни он ва муайян намудани сатҳи ғализии ҳавои атмосфера нақши муҳим мебозанд.
Чунин гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриало Шерализода.
Имрӯз, 23 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ маҳсуб мешавад. Ин сана нахустин маротиба соли 1961, баъд аз 11 соли таъсиси Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ /СҶО/WMO/ гузаронида шуд. Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ 23 марти соли 1950 таъсис ёфта, соли 1951 агентии махсуси Созмони Милали Муттаҳид гардид.
Ҳар сол Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносиро зери шиорҳои мушаххас мегузаронад, ки он ба мавзуи муҳиме бахшида мешавад. Имсол бо назардошти тамоюлҳои тағйирёбии иқлим он ба мавзуи «Дар сафи пеши мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим» бахшида мешавад.
Назриало Шерализода афзуд, ки шароити феълии кураи Замин аз обу ҳаво вобастагии ногусастанӣ дорад. Агар мо надонем, ки пагоҳ моро чӣ гуна ҳаво интизор аст, барои оянда нақша сохта наметавонем. Таъсири обу ҳаво ва иқлим ба тамоми соҳаҳои фаъолияти иқтисодии инсон — нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сӯзишворию энергетикӣ ва ба сохтмон мерасад. Маълумот дар бораи обу ҳаво ва огоҳиҳои барвақтӣ, ки ба идораю муассисаҳои манфиатдор интиқол дода мешаванд, ба кам шудани талафоти иқтисодӣ ва таъмини амнияти ҷомеа кумак мерасонанд.
Соҳаи обуҳавошиносӣ дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ маҳсуб мешавад. Банақшагирии соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва обёрӣ дар шароити тағйирёбии иқлим аз пешбурди мушоҳидаҳо ва пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ сахт вобастагӣ дорад.
Бо дахли таъсиси идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳамсуҳбати мо гуфт, ки Агентии обуҳавошиносӣ таърихи пуршараф дошта, роҳи дарозро тай намудааст. Комёбию дастовардҳои соҳаи обуҳавошиносӣ бозгӯи он аст, ки кормандони ин соҳаи муҳими мамлакат дастовардҳояшонро танҳо аз роҳи меҳнати ҳалол ва заҳмату талошҳо ба даст овардаанд.
Дар қаламрави Тоҷикистон соли 1926 нахустин маротиба дар назди Комиссариати халқии шаҳри Душанбе Бюрои обуҳавошиносӣ таъсис ёфт, ки он баъдан ба ташкили Хадамоти гидрометеорологии Тоҷикистон асос гузошт. Дар мамлакат нахустин пойгоҳи обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳо дар нимаи дуюми асри 19 ташкил шудаанд. Аввалин пойгоҳи обуҳавосанҷӣ соли 1866 дар Хуҷанд, баъдан дар Истаравшан, Панҷакент, Мурғоб, Хоруғ ва Бохтар таъсис дода шуданд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) бо вуҷуди мушкилиҳо хадамоти обуҳавошиносӣ пурра фаъолият дошт. Як зумра кормандони ин муассиса ба фронт низ равона шуда буданд. Баъд аз ғалаба кори обуҳавошиносон боз вусъат гирифт ва шумораи пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳо афзуд.


Назриало Шерализода мегӯяд, ки даврони соҳибистиқлолии мамлакат давраи рушди соҳаи обуҳавошиносӣ буда, дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ аз раёсат дар сохтори соҳаи ҳифзи муҳити зист ба муассисаи давлатӣ тағйири ном намуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015 ҳамчун Агентии обуҳавошиносӣ ба ташкилоти низоми идоракунии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд.
Агентии обуҳавошиносӣ имрӯзҳо ба яке аз идораҳои ташаккулёфта табдил ёфта, пешгӯии обу ҳаво, обнокии дарёҳо, сифати ҳаво, пешгӯиҳо ва огоҳӣ бобати ба амал омадани зуҳуроти табииро таҳия ва ба сохторҳои марбута пешниҳод менамояд. Дар айни замон мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ дар марказҳои обуҳавосанҷии вилоятӣ, пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ, барфу тармасанҷӣ, агрометеорологӣ, дидбонгоҳҳои обсанҷӣ, агрометеорологию сифати ҳаво ва шабакаи мониторинги муҳити зист пеш бурда мешаванд.
Дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази бузурги иттилоотӣ ва дорои инфрасохтори замонавӣ табдил ёфт ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид.

Инчунин соли 2021 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Дар айни замон дар сохтори Агентии обуҳавошиносӣ 54 пойгоҳи обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обсанҷӣ мавҷуд аст. Инчунин дар сохтори Агентӣ пойгоҳи худкори ташхиси сифати ҳаво, обуҳавосанҷӣ ва гидрологӣ фаъолият менамоянд. Соҳаи обуҳавошиносӣ маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат рушд намуд.
Ба андешаи Назриало Шерализода, фаъолият дар шароити кунунӣ дар Агентии обуҳавошиносӣ аз ҳар мутахассиси соҳа масъулияти дучанд тақозо менамояд, то дар роҳи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ масъулиятшинос бошанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






