Ҷаласаи нахустини Раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид

Март 2, 2024 10:18

ДУШАНБЕ, 02.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 феврали соли равон ҷаласаи нахустини Раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳайати нав таҳти раёсати раиси Комиссия Сайфиддин Давлатзода доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур хабар доданд.

Бояд гуфт, ки ҳайати нави раёсати Комиссия бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2024, № АП-526 тасдиқ гардид.

Дар ҷаласаи Раёсат як қатор масъалаҳои корӣ, аз ҷумла оид ба додани унвонҳои илмӣ, ташкили ҳимояи якдафъаина, баробарарзиш донистани дипломҳои дараҷаи илмӣ ва масъалаҳои ҷории аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ баррасӣ шуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки Раёсат мақоми олии илмӣ-аттестатсионии Комиссия буда, масъалаҳои аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олиро баррасӣ менамояд.

Раёсат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Низомномаи Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи Шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

Таъкид шуд, ки принсипҳои асосии фаъолияти Комиссияи олии аттесатсионӣ риояи қонуният, воқеъбинӣ, шаффофият ва беғаразӣ буда, ба парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои пешниҳодшуда воқеъбинона ва ба таври илмӣ баҳо гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз ибтидои фаъолияти Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои таъсиси шуроҳои дисссертатсионӣ аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 249 дархост ворид гардидааст, ки аз онҳо 132 дархост қонеъ, 115 дархост бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда рад гардида, ду дархости дигар дар баррасӣ қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат 74 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, ки аз рӯи 180 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос диссертатсияҳо қабул ва дастрас мегарданд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 19 шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия аз рӯи 46 ихтисос фаъолият дорад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 5 ҳазору 628 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 886 нафар доктори илм, 4 ҳазору 622 нафар номзади илм ва 120 нафар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос мебошанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Март 2, 2024 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд