Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти илму маориф тақвият меёбад

Март 28, 2024 15:34

ДУШАНБЕ, 28.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба ва тақвият додани самти илму маориф, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ имрӯз Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ хабар медиҳад.

Ректори донишгоҳ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафораташро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Бад-ин тариқ ҳамкориву равобити густурдае байни ду давлат дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ оғоз гардида, риштаҳои пайванду ҳамкории муштарак байни Донишгоҳи миллӣ ва бисёр муассисаҳои олии Ҷумҳурии Исломии Эрон вусъати бештар пайдо намуд.

Гуфта шуд, ки ташрифи сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон ба рушди ҳамкории илмию таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Исломии Эрон мусоидат намуда, дар рушду такомули ҳамаи самтҳо пешравиҳои тоза ба амал меоянд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз намуд, ки «ҳамкории илмиву фарҳангии ду давлат яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон аст, зеро табодули таҷриба байни донишмандон, муаллимон, донишомӯзон, иҷрои барномаҳои фарҳангӣ- ҳунарии ду давлат ва ширкати донишмандону фарҳангиён дар ҳамоишҳои байналмилалӣ аз авлавияти аслии ин равобит аст».

Таъкид гардид, ки вохӯрӣ дар густариши ҳамкории дуҷониба ва тақвият додани самти илму маорифи ду давлат, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Изҳори умедворӣ шуд, ки дурнамои неки муносибатҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг боз ҳам қавӣ гардида, ҳамкорӣ дар самтҳои илму таълим ва фарҳангу робита минбаъд низ густариш меёбад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Март 28, 2024 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд