Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи телевизион ва радио рушд меёбад

Март 6, 2024 18:33

ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи телевизион ва радио хабар доданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки имрӯз муносибатҳои ҳасанаи ҳар ду ҷониб заминаву имконоти васеи рушду равнақи ҳамкории соҳавиро ба вуҷуд овардааст.

Иброз гардид, ки ҷонибҳо метавонанд дар самти омӯзишу табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандон, баргузории семинару конфронсҳои соҳавӣ, тайёр намудани мутахассисони эҷодию техникӣ ҳамкории самарабахш намоянд.

Сафири Эрон омодагии кишварашро дар густариши ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио таъйид намуда, изҳор дошт, ки баҳри татбиқи ин ҳадафҳо талош менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 8 ноябри соли 2023 дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон дар баробари дигар санадҳои муҳим дар соҳаҳои мухталиф  Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, ки он барои тавсеаи ҳамкорӣ имконияти фарохро фароҳам овардааст.

Ҷонибҳо омодагии амиқи худро ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, татбиқи бандҳои Ёддошти тафоҳуми баимзорасида баён доштанд.

 АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2024 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид