АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Аз Наврӯз то Наврӯз» — таҳти ин унвон моҳи апрел дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд, фестивал имконияти хубе барои омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантони донишкада барои муаррифии маҷмуи либосҳои омоданамудаашон мебошад.
Муаррифӣ намудани маҷмуи либос як навъ имтиҳоне аст, ки дар он давоми як сол донишҷӯёни ихтисоси дизайни костюм ва газвор, яъне дизайнерони ояндаи либос ва муд бурду бохти корашонро ба устодону меҳмонон ва ҳаводорони олами эҷод манзур мегардонанд.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин фестивалҳо- тарғиби зебоипарастӣ ва дар руҳияи зебоӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон ба шумор меравад.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон










Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти осорхонадорӣ тақвият мебахшанд
Таҳти унвони «Забон — рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз мегарданд






