АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад

Март 28, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Аз Наврӯз то Наврӯз» — таҳти ин унвон моҳи апрел дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  фестивали муд баргузор мешавад. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд, фестивал имконияти хубе барои омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантони донишкада барои муаррифии маҷмуи либосҳои омоданамудаашон мебошад.

Муаррифӣ намудани маҷмуи либос  як навъ имтиҳоне аст, ки дар он давоми як сол донишҷӯёни ихтисоси дизайни костюм ва газвор, яъне дизайнерони ояндаи либос ва муд бурду бохти корашонро ба устодону меҳмонон ва ҳаводорони олами эҷод манзур мегардонанд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин фестивалҳо- тарғиби зебоипарастӣ ва дар руҳияи зебоӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон ба шумор меравад.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Март 28, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд