«Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед!», — бардошт аз ҳамоиш дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
ДУШАНБЕ, 17.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти соли равон доир гардид, ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳи мазкур.
Дар ҳамоиш Ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода гуфт, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуда, оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Ҳамоиши имрӯзаи мо бо мақсади ҳамовозӣ ва дастгирӣ аз ин дастуру ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои Пешвои миллат баргузор карда шудааст.
Гуфта шуд, ки дар мулоқоти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози андеша намуда, барои рафъи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд ва аз аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ риояи қатъии муқаррароти қонунҳои мазкурро талаб намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои саҳеҳ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.


Роҳбари давлат дар хотимаи суханронӣ ба ҷавонони мамлакат ҳамчун соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол муроҷиат намуданд, ки истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоянд.
“Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред, онро чун амонати аҷдодамон бехиёнат ҳимоя кунед! Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд»,- чунин ёдоварӣ шуд аз ин суханронии Пешвои миллат.
Сипас дар ҳамоиш маърӯзаҳо дар мавзуъҳои «Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон – омили осудагии мамлакат», «Танзими анъана ва ҷашну маросим – кафолати зиндагии шоиста», «Терроризм ва экстремизм: хатар ба ҳаёти инсоният» ва «Нақши соҳаи маориф дар ташаккули маърифати ҷомеа ва тарбияи худшиносии миллии ҷавонон» пешниҳод гардид.
Дар охир даъват шуд, ки дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар мулоқоти мазкур баён гардиданд, бетараф набошем ва ба Ватани худ содиқонаву софдилона хизмат намоем, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия кунем, сатҳу сифати таҳсилотро баланд бардошта, дар рушди ҷумҳуриамон саҳмгузор бошем.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






