Баҳри пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи санитарию эпидемиологӣ дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи санитарию эпидемиологӣ ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ махсусан масъалаҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ ҳангоми додани дафтарчаҳои муоинаи тиббӣ ва хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва бо мақсади иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» чунин вохӯрию ҳамоишҳо бо иштироки масъулин ва роҳбарияту кормандони муассисаҳои тандурустии мамлакат пайваста гузаронида мешаванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






