Баҳри пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи санитарию эпидемиологӣ дар Душанбе ҳамоиш доир шуд

Март 31, 2024 10:34

ДУШАНБЕ, 31.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи санитарию эпидемиологӣ ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ махсусан масъалаҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ ҳангоми додани дафтарчаҳои муоинаи тиббӣ ва хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки баҳри решакан намудани ин зуҳуроти  номатлуби ҷомеа ва бо мақсади иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» чунин вохӯрию ҳамоишҳо бо иштироки масъулин ва роҳбарияту кормандони муассисаҳои тандурустии мамлакат пайваста гузаронида мешаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 31, 2024 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад