БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР. 200 нафар занони фаъоли ноҳияи Восеъ қадрдонӣ шуданд

Март 7, 2024 11:02

ДУШАНБЕ, 07.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи Модар барномаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он занону модарони фаъоли ноҳия ва ҷавондухтарон иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода нақши Зан-Модарро дар баробари тарбия намудани фарзандон дар рушду нумуъ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангу тандурустӣ хуб арзёбӣ намуда,    ба занони фаъоли ноҳия ва дар шахси онҳо ба тамоми модарони тоҷик саломатӣ, умри бардавом ва хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Дар идомаи ҳамоиш 200 нафар занону модарони фаъоли ноҳия бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Инчунин ба 5 модаре, ки синнашон аз 100 боло мебошад, туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ супорида шуданд.

Дар анҷоми ҳамоиши идона баҳри болидаруҳии  занону модарон аз тарафи бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ барномаи консертӣ пешкаш гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 7, 2024 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад