Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи шимолу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, шартномаи ҳамкорӣ зимни мулоқоти Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзода ва намояндагони Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин профессор Жанг Веиксинг ва Гонг Джианан, ки ба донишгоҳ омада буданд, ба имзо расид.
Зимни мулоқот ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз фаъолияти робитаҳои байналмилалии донишгоҳ маълумот пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо 7 донишгоҳи бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкории судманд дошта, ҳамасола даҳҳо донишҷӯён баҳри идомаи таҳсил ба муассисаҳои бонуфузи ин мамлакат ҷалб мешаванд.
Профессор Жанг Веиксинг доир ба имконияти мавҷудаи Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин маълумот дода, иброз дошт, ки муассисаи таълимӣ яке аз бонуфузтарин муассисаҳо дар қаламрави Чин ба ҳисоб меравад. Он бисёрсоҳавӣ буда, дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалб намудани устодону донишҷӯён ба хориҷи мамлакат нақши баланд дорад.
Ҷонибҳо баҳри мубодилаи академии донишҷӯёну устодон, чопи мақолаҳо дар ҳаммуаллифӣ, таҳияи лоиҳаҳои илмии муштарак, баргузории конференсияву ҳамоишҳои илмиву методӣ ибрози ақида намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






