Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 26.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии илмии буҷавии федералии Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир созишномаи ҳамкории фаъолияти таҳқиқоти илмӣ, илмию ташкилӣ, фарҳангӣ ва табодули таҷриба дар заминаи технологияи китобдорӣ ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ хабар медиҳад, созишнома 19 март дар Новосибирск аз ҷониби Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода ва директори Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Ирина Лизунова ба имзо расид.
Созишнома ба муҳлати 5 сол ба имзо расида, ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифз, тармим ва рақамикунонии мероси китобии таърихӣ ва фарҳангии ду мамлакат, такмили технологияи таъминоти иттилоотии таҳқиқоти фундаменталии илмӣ ва амалӣ, таъмини дастрасӣ ба пойгоҳои иттилоотӣ, муттаҳид намудани кӯшишҳо дар инкишофи неруи иттилоотӣ, илмию кадрӣ, таъмини пайвастаи омӯзиш, баланд бардоштани сатҳи таълими умумӣ ва фарҳангии мутахассисони китобхонаҳо, мубодилаи иттилооти библиографиро дар бар мегирад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






