Бар асари фурӯ рехтани бино дар шарқи Покистон 9 нафар ҳалок гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи сешанбе бар асари фурӯ рехтани бинои истиқоматӣ дар шаҳри Мултони вилояти Панҷоб, воқеъ дар шарқи Покистон 9 нафар ҳалок ва ду нафар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус мақомоти маҳаллии шаҳри Мултон хабар додаанд.
Бинои сеошёна субҳи барвақт дар наздикии минтақаи дарвозаи Ҳарам фурӯ рехт,- хабар додааст ба «Синхуа» намояндаи хадамоти ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода Калим Улла, ки амалиёти наҷотро раҳбарӣ менамуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ 11 нафар дар зери харобаҳо мондаанд, пас аз амалиёти чандсоатаи наҷот ва ҷустуҷӯ 9 ҷасад пайдо ва ду нафари дигар аз зери харобаҳо зинда берун бароварда шуданд.
Иброз гардид, ки ҳамаи захмиён ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар байни ҳалокшудагон ҳафт нафар аз як хонавода будаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






